Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Масӣра, ҷангандаҳои Саудӣ дар бозори Ал-Ҳазм ва пойгоҳи сӯзишворӣ дар Ҷавфи Яман куштори навро ба амал оварданд.
Ҷангандаҳои Саудӣ дар чанд навбат бозори Ал-Ҳазмро дар ин вилоят бомбаборон карданд ва инчунин ҳамлаи ҳавоӣ ба пойгоҳи сӯзишворӣ анҷом доданд.
Манобеи Яман эълом карданд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо шуморе аз Яманиҳо аз ҷумла занон ва кӯдакон шаҳид шудаанд.
Дар ҳамла ба пойгоҳи сӯзишвории Ал-Тайсир дар Ҳазм чор нафар шаҳид шуданд.
Манобеи Яман дар омори навтарин эълом карданд, ки омори шаҳидони ҳамла ба бозор дар Ҷавф ба 14 шаҳид ва захмиҳо ба 10 нафар расидааст.
Your Comment